Ҷашни 25-солгаии Истиқлолият дар Деҳлии Нав

sai_0297

9 сентябри соли ҷорӣ, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳмонхонаи панҷситорадори “Сурая”  чорабинии идона барпо намуд, ки дар он ҳамватанони муқими Деҳлии Нав, намояндагони мақомоти ҳукуматӣ, корпуси дипломатӣ, доираҳои тиҷоративу сармоягузорӣ, фарҳангӣ ва ВАО Ҷумҳурии Ҳиндустон ҳузур доштанд. Дар чорабинии мазкур муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон ҷаноби Амар Синҳа ба ҳайси меҳмони асоси аз ҷониби Ҳукумати Ҳиндустон иштирок намуданд. Чорабинӣ бо садо додани сурудҳои миллии ду кишвари дуст – Тоҷикистон ва Ҳиндустон оғоз ёфта, дар он филмҳои мустанад дар бораи дастовардҳои кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ намоиш дода шуданд.

Copyright © 2019 Embassy.