Чопи маҷалаи HIMALAYAN AND CENTRAL ASIAN STUDIES ба муносибати 25 -солагии Истиқлолият

          Book 1 Бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон дар арафаи 25-мин солгарди Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашри навбатии маҷаллаи Himalayan and Central Asian Studies ба чоп расид, ки дар он корҳои илмиву тадқиқотии олимону коршиносони Тоҷикистону Ҳиндустон ҷамъоварӣ гардиданд.

          Ин нашр тозатарин тадқиқоту омӯзишҳои илмро, ки ба паҳлуҳои гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муносибатҳои Тоҷикистону Ҳиндустон дахл дорад, гирд оварда аст.

          Маҷаллаи Himalayan and Central Asian Studies маҷаллаи илмӣ буда, дар доираҳои илмии берун аз Ҷумҳурии Ҳиндустон ҳам аз эътибори хос бархурдор мебошад.

Copyright © 2019 Embassy.