Мулоқоти Сафир бо Директори Донишкадаи Ғолиб

18-уми декабри соли 2015 Сафир М.Ҷалолов бо Директори Донишкадаи Ғолиби Ҷумҳурии Ҳиндустон Доктор Сайид Раза Ҳайдар мулоқот анҷом дод.

Дар рафти сӯҳбат ҷонибҳо дар бораи роҳҳои густариши ҳамкориҳо байни Донишкадаи Ғолиб ва марказҳои илмиву фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуданд.

Тибқи дархости Сафорати Тоҷикистон дар Ҳиндустон Донишкадаи Ғолиб нусхаи электронии дастхати Девони Камоли Хуҷандиро, ки дар бойгонии Донишкада маҳфуз мебошад, ба Сафир тақдим намуд.

Ҳамчунин Сафир аз китобхонаи Донишкада ва осорхонаи Мирзо Ғолиб дидан намуда, бо нусхаи асли Девони Камоли Хуҷандӣ ва Девони Мирзо Абдулқодири Бедил аз наздик шинос шуд.

Дар анҷоми мулоқот Сафир М.Ҷалолов ба китобхонаи Донишкадаи Ғолиб китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих”, “Эмомалӣ Раҳмон ва ҷомеаи ҷаҳон”,“Тоҷикистон” ва китоб-маҷмӯаи асарҳои илмӣ “Тоҷикистон дар асри 21”-ро тӯҳфа намуд.

Тақдими китобҳо ба китобхонаи донишкадаи Ғолиб.

Тақдими китобҳо ба китобхонаи донишкада

Шиносоӣ бо дастхатҳо.

Шиносоӣ бо дастхатҳо.

Боздид аз осорхона.

Боздид аз осорхона.

 

Copyright © 2019 Embassy.