Бузургдошти 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар Кашмир

Дар идомаи иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бузургдошти 700-солагии фарзонаи Шарқ Мир Саид Алии Ҳамадонӣ рӯзи чордаҳуми ноябри соли 2015 дар Донишгоҳи Кашмир (ш. Шринагар) бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Кашмир (Маркази омӯзиши Осиёи Миёна) ва Созмони “Ҷамоати Кашмир” семинари миллӣ  таҳти унвони “Мероси Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ” баргузор шуд.

Кори Семинар бо суханрониҳои ректорони Донишгоҳи Кашмир ва Донишгоҳи Марказии Кашмир, Сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон оғоз ёфт. Дар се бахши (сессияи) алоҳида он професору олимон, муҳаққиқон, коршиносу донишомӯзони осори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки аз гушаву канори Ҳиндустон ҷамъ омада буданд, роҷеъ ба ҷанбаҳои фарҳангиву адабӣ, фалсафӣ ва иқтисодиву иҷтимоии меъроси Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ маърӯзаҳо карданд ва дар атрофи мавзӯъҳои зикргардида баҳсу табодули назароти илмӣ намуданд.

Иштирокчиёни семинар таъсири амиқи таълимоти инондӯстиву одампарастӣ, таҳаммулпазирӣ ва плюралистии ин нобиғаи Шарқ дар шаклгирии ҳуввият ва сохтори иҷтимоии мардумони манотиқи гуногун, ба хусус Кашмирро таъкид сохта, онро беназир унвон намуданд. Хонақоҳҳое Мир Саид Алии Ҳамадонӣ дар саросари Кашмир бунёд кардааст, баъд аз садсолаҳо ҳам ҳанӯз побарҷо истодаанд ва дар байни мардум аз эҳтиром хос бархурдоранд. Пас аз семинар, иштирокчиёни он аз хонақоҳи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, ки дар шаҳри Шринагар воқеъ аст, дидан карданд.

Copyright © 2019 Embassy.