Муаррифии имконоти сармоягузории Тоҷикистон дар Ченнай

29 августи 2015 дар меҳмонхонаи Ҳаят Реҷенси (Ченнай) муаррифии имконоти сармоягузории Тоҷикистон бо иштироки Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон баргузор гардид. Дар нишаст роҳбарони беш аз 20 ширкатҳои бонуфузи ҳиндустонӣ, ки дар соҳаҳои гуногун фаъолият доранд, ҳузур доштанд.
Дар оғоз Сафир ҳозиринро бо имконоти васеъ ва фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон шинос намуда, намунаҳои боризи дастовардҳои кишвар дар соҳаи сармоягузориро, аз ҷумла иқдомҳои муассири ҳукумат ва ташаббусҳои худҷӯши соҳибкорони маҳаллӣ ҷиҳати рушду равнақи соҳаҳои гуногуни иқтисоди давлат, муррифӣ намуд. Ҳозирин барои иштирок дар Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2015 “Саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар рушди устувор” ва 3-юмин Намоиши байналмилалии Агрофуд Тоҷикистон, ки 14 – 16 октябр дар ш. Душанбе баргузор мегарданд, даъват гардиданд.
Нишаст бо суолу ҷавоби интерактивӣ байни Сафир ва иштирокчиён хотима ёфт.

Copyright © 2018 Embassy.