Таҷлили 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

24 октябри соли ҷорӣ бахшида ба 25-солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои Сафорат маҷлиси тантавӣ баргузор гардид, ки дар он тоҷикистониени муқими Ҳиндустон, донишҷӯёни тоҷик ва дигар меҳмонон ширкат намуданд.
Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳури Ҳиндустон Султон Раҳимзода ҳусни оғоз бахшида, бо ҳозирин оид ба нақшу моҳияти Конститутсия, пешрафту дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар, худшиносии миллӣ, арзишҳои миллӣ, шаҳрвандӣ ва ватандустӣ суҳбат намуд.

 

Copyright © 2019 Embassy.