Мулоқоти Сафир бо Вазири давлатии авиатсияи граждании Ҳиндустон

4 октябри соли ҷорӣ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳури Ҳиндустон Султон Раҳимзода бо Вазири  давлатии авиатсияи граждании Ҳиндустон Ҳардип Сингҳ Пурӣ мулоқот анҷом дод.

Дар мулоқот атрофи мавзӯи таҳкиму густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи авиатсияи гражданӣ мубодилаи афкор  сурат гирифт.

Ҷонибҳо аз ҷумла мавзӯи барқарор намудани парвозҳои мустақим  миёни пойтахтҳои ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Copyright © 2019 Embassy.