Боздиди Сафири Тоҷикистон аз Академияи ҳарбии Ҳиндустон

24 сентябри 2019 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон Султон Раҳимзода ҷиҳати боздид аз Академияи ҳарбии Ҳиндустон ба шаҳри Деҳрадун сафари корӣ анҷом дод.

Дар доираи сафар мулоқоти Сафир бо роҳбарияти Академияи мазкур сурат гирифта, дар доираи он масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти ба таҳсил фаро гирифтан ва омодасозии курсантҳои низомӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Сафир инчунин шароити буду бош ва таҳсили курсантҳои тоҷикистонӣ, ки дар Академия таҳсил мекунанд, шинос шуда, бо онҳо мулоқоти судманд анҷом дод.

Copyright © 2019 Embassy.