Мулоқоти Сафир бо Вазири тиҷорат ва саноати Ҳиндустон

19 сентябри 2019 мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон Султон Раҳимзода бо Вазири тиҷорат ва саноати Ҳиндустон ва Ҳамраиси ҷониби ҳиндустонии Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ байни Тоҷикистону Ҳиндустон Пиюш Гойал баргузор гашт.

Дар доираи мулоқот ҷонибҳо масоили ҳамкориҳо байни ду кишвар дар соҳаҳои тиҷорату саноат, инчунин масъалаҳои вобаста ба иҷрои бандҳои Протоколи ҷаласаи 10-уми Комиссияи муштаракро, ки моҳи январи соли ҷорӣ дар Душанбе баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамчунин, ҳамкории минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистону Ҳиндустон муҳим арзёбӣ гардида, ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳо дар ин самт эълом карданд.

Copyright © 2019 Embassy.