Мулоқоти Сафир бо Котиботи Шӯрои амнияти миллии Ҳиндустон

Санаи 17 сентябри соли ҷорӣ мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Ҳинудстон Султон Раҳимзода бо Сардори Раёсати Котиботи Шӯрои амнияти миллии Ҳиндустон Ҳеманд Коталвар баргузор гардид.

Дар доираи мулоқот масъалаи ҳамкориҳо миёни ду кишвар дар соҳаи таъмини амният ва субот баррасӣ гардиданд. Сатҳи ҳамкориву шарокат дар ин бахши муҳим қаноатбахш арзёбӣ карда шуда, ҷонибҳо омодагии худро барои тавсеаи минбаъдаи онҳо изҳор намуданд.

Copyright © 2019 Embassy.