Мулоқоти Сафир бо Вазири захираҳои оби Ҳиндустон

Санаи 24 июли соли ҷорӣ мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо Вазири Ҷал Шактии Ҷумҳурии Ҳиндустон (Вазири захираҳои об) Гаҷендра Сингҳ Шекҳават баргузор гашт.
Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ миёни ду кишвар дар соҳаи захираҳои об, аз ҷумла табодули таҷриба дар идоракунии ҳавзавии захираҳои об, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, иштирок дар чорабиниҳои марбут ба оби ҷонибҳо, хусусан дар доираи Даҳсолаи байналмилаллии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Copyright © 2019 Embassy.