Мулоқоти Сафир бо Перзиденти Шӯрои Ҳиндустон оид ба муносибатҳои фарҳангӣ (ICCR)

Санаи 19 июли соли ҷорӣ мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар  Ҷумҳурии Ҳиндустон Султон Раҳимзода бо Перзиденти Шӯрои Ҳиндустон оид ба муносибатҳои фарҳангӣ (ICCR) д-р Винай Прабҳакар Саҳасрабудҳе баргузор гашт.

Зимни мулоқот масъалаҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо, аз ҷумла ҳамкориҳои фарҳангӣ, таълими донишҷуёни тоҷик дар Ҳиндустон, роҳҳои нави рушди ҳамкориҳои минбаъда, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҷонибҳо аз сатҳи муносибатҳои мавҷуда изҳори қаноатмандӣ карда, ҳавасмандии худро ҷиҳати рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳ иброз намуданд.

Copyright © 2019 Embassy.