Машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Ҳиндустон

Машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Ҳиндустон

19 декабри соли 2018 дар шаҳри Деҳлии Нав даври чоруми машваратҳои сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳар ду ҷониб баргузор шуд.

Ҳайатҳои ҷонибҳоро Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ ва Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Гитеш Шарма роҳбарӣ намуданд.

Дар машваратҳо ҷонибҳо вазъи кунунии муносибатҳои ду кишварро мавриди баррасӣ қарор дода, аз мазмуну муҳтавои робитаҳои Тоҷикистону Ҳиндустон изҳори қаноатмандӣ карданд.

Зимни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, илму маориф ва фарҳанг мавриди баррасӣ қарор гирифта, тасмими ҷонибҳо ҷиҳати боз ҳам равнақ бахшидан ба муносибатҳои мутақобилан судманд миёни ду кишвар таъйид гардид.

Дар доираи машваратҳо ҳамчунин табодули назар оид ба мавзӯъҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ сурат гирифт. Дар ин росто, мавқеи ҳамсони ҷонибҳо дар масъалаҳои мубориза бо таҳдиду хатарҳои муосир ба суботу амнияти минтақа ва ҷаҳон таъкид гардида, ҳамкории судманди Тоҷикистону Ҳиндустон дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ҷавобгӯ ба манфиатҳои ду кишвар ва минтақа арзёбӣ гардид.

Copyright © 2019 Embassy.