Муаррифии имконоти сармоягузорӣ ва сайёҳии Тоҷикистон дар Колката

7 ва 8 сентябри соли 2018 дар шаҳри Колкатаи иолоти Банғолаи Ғарбии Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Федератсияи созмонҳои содиротии Ҳиндустон (FIEO) ва Палатаи байналмилалии тиҷорат ва саноати (ICBI) муаррифии имконоти сармоягузориву сайёҳии Тоҷикистон бо иштироки Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон баргузор гардид. Дар ин чорабиниҳо роҳбарони беш аз 130 ширкатҳои ҳиндӣ аз бахшҳои гуногуни истеҳсоливу хизматрасонӣ ва сармоягузорӣ ҳузур доштанд.

Дар рафти форумҳо Сафир ҳозиринро бо дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар даврони истиқлолият ошно намуда, зарфиятҳои нуҳуфтаи сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар Тоҷикистонро муаррифӣ кард.

Чорабиниҳо бо суолу ҷавоби интерактивӣ байни Сафир ва иштирокчиён хотима ёфтанд.

 

Copyright © 2018 Embassy.