ИЗҲОРОТИ Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тавре ки қаблан хабар дода будем, 29 июли соли 2018 дар роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Душанбе дар натиҷаи ҳуҷуми шахсони номаълум 4 нафар сайёҳони хориҷӣ ба ҳалокат расида, 2 нафари дигар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштанд.

Худи ҳамон рӯз аз ҷониби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳодисаи мазкур бо моддаи 104 (одамкушӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ҷиҳати фавран дастгир кардани ҷинояткорон аз ҳисоби кормандони мақомоти прокуратура, корҳои дохилӣ ва амнияти миллӣ ситоди байниидоравии махсус таъсис дода шуд ва корҳои фаврӣ-тафтишотӣ оғоз гардиданд.

Тафтишот муайян кард, ки ҷинояти мазкурро сокинони ноҳияи Панҷ Абдусамадов Ҳусейн, Маҷидов Асомиддин, Сафаров Зафар ва сокинони шаҳри Норак – бародарон Юсупов Аслиддин ва Юсупов Ҷаъфар, аъзои ташкилоти террористӣ-экстремистии собиқ «Ҳизби наҳзати ислом» дар асоси нақшаи қаблан дар хориҷи кишвар тарҳрезишуда зери пушиши парчами “Давлати исломӣ” содир намудаанд.

Номбурдагон бо мақсади содир намудани куштори шаҳрвандони хориҷӣ 28 июли соли 2018 ҳангоми дар ҳудуди ноҳияи Восеъ  гуруҳи сайёҳони бо дучарха ба самти шаҳри Душанбе ҳаракаткунандаро мушоҳида намуда, онҳоро зери назорати худ карор додаанд.

29 июли соли 2018 тахминан соати 15-30 дақиқа ҳангоми ба деҳаи Сафобахши ноҳияи Данғара расидани 6 нафар сайёҳони хориҷӣ ҷинояткорон онҳоро бо автомашинаи зикршуда пахш карда, пас аз ин бо мақсади ба охир расонидани қасди худ бо корду табар ба узвҳои ҳаётан муҳими онҳо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ расонида, аз ҷои ҳодиса ғайб заданд.

Дар натиҷаи ин ҷинояти махсусан вазнин шаҳрвандони  Иёлоти  Муттаҳидаи Амрико Аустин Ҷей ва Геогҳеган Лаурен Анне Муноз, шаҳрванди Нидерланд (Голандия) Воке Рене Виллемм ва шаҳрванди Шевейтсария Хамел Маркус дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, шаҳрванди Швейтсария Дименд Мари Клер ва шаҳрванди Шоҳигарии Нидерланд Постма Ким Ирис бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ба беморхонаи марказии ноҳияи Данғара бистарӣ карда шуданд.

Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ва бо кӯмаку дастгирии фаъолонаи аҳолии  деҳоти Лоҳур ҷойи будубоши ҷинояткорон муайян гардида, шаби 29 ба 30 июли соли 2018 роҳбари ин дастаи ҷиноятӣ Абдусамадов Ҳусейн дастгир карда, 4 нафар ҷинояткорони дигар:  Маҷидов Асомиддин, Сафаров Зафар, Юсупов Аслиддин ва Юсупов Ҷаъфар ҳангоми дастгиркунӣ бо сабаби нишон додани муқобилияти мусаллаҳона безарар гардонида шуданд. Аз онҳо автомашинаи сабукрав ва олоти содир кардани ҷиноят дарёфт ва гирифта шуданд.

Тафтишот муайян намуд, ки гуруҳи ҷиноятӣ таҳти роҳбарии дастгиршуда Абдусамадов Ҳ. ин ҷинояти дахшатангезро бо супориши узви фаъоли собиқ ҳизби наҳзати ислом Убайдов Носирхуҷа Аҳтамович содир кардааст.

Зимни тафтишот муайян карда шуд, ки кирдори содиршуда амали террористӣ буда, бо мақсади ноором сохтани вазъият, ба вуҷуд овардани фазои тарсу ваҳм дар ҷомеа ва иснод овардан ба нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ содир карда шудааст.

Тавассути расонаҳои интернетӣ паҳн кардани навори қасамёдкунии ин дастаи ҷиноятӣ ба ташкилоти террористии ба ном «Давлати исломӣ» бо мақсади дур кардани гумон аз ташкилоти террористии «Ҳизби наҳзати ислом», ки фармоишгари асосии амали террористии мазкур мебошад, ташкил карда шудааст.

Зимни тафтишот алоқаи ин гуруҳи террористӣ бо дигар шахсон низ муайян карда шуда, 10 нафар сокинони шаҳри Норак, аз ҷумла 2 нафар барои мусоидат ба маблағгузории роҳбари ин гуруҳ Абдусамадов Ҳусейн ва 8 нафари дигар барои хабар надодан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба тайёрӣ ба содир намудани амали террористӣ дастгир ва ба ҳабс гирифта шуданд.

Тафтиши парвандаи ҷиноятӣ идома дорад.

Маркази матбуоти
Прокуратураи генералӣ

 

Copyright © 2018 Embassy.