Низоми нави электронии барасмиятдарорӣ ва судури раводид

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумот мерасонад, ки аз 01 январи соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд низоми нави электронии барасмиятдарорӣ ва судури раводид дар намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва фурудгоҳҳои Тоҷикистон ҷорӣ мегардад.

Низоми нав ба соддагардонии барасмиятдарории раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардида, қадами навбатӣ барои электроникунонии хизматрасониҳои давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Минбаъд, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд барои барасмиятдарории раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ва тамдиди раводид дар Сарраёсати консулии Вазорати коҳои хориҷии Ҷумҳурии  Тоҷикистон бояд ҳуҷҷатҳои заруриро тавассути шабакаи интернетии www.visa.gov.tj пешниҳод намоянд. Дар натиҷаи баррасии пешакӣ, дархосткунанда тариқи почтаи электронӣ ба назди корманди консулӣ барои барасмиятдарории корҳои лозима даъват хоҳад шуд.

Бояд қайд кард, ки барасмиятдарории раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фурудгоҳҳои ҷумҳурӣ низ тавассути шабакаи интернетии www.visa.gov.tj сурат хоҳад гирифт. Дар натиҷаи баррасии пешакӣ, низоми электронӣ ба дархосткунанда тариқи почтаи электронӣ тасдиқи даъватро ирсол мекунад, ки он бояд ҳангоми парвоз ва дар бюроҳои консулии Сарраёсати консулӣ дар фурудгоҳҳо ҳамчун ҳуҷҷати тасдиқкунанда барои дастрас намудани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардад.

Бо мақсади пешгирии нофаҳмӣ, ба маълумот мерасонем, ки низоми нави электронии барасмиятдарории раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми “Раводиди электронӣ”-и Ҷумҳурии Точикистон вобастагӣ надорад. Чуноне, ки маълум аст, “Раводиди электронӣ”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути шабакаи интернетии алоҳида – www.evisa.tj сурат гирифта, яккарата мебошад ва ба муҳлати 90 руз амал мекунад, лекин дорандаи он метавонад дар каламрави кишвар аз санаи воридшавӣ на зиёда аз 45 рӯз қарор дошта бошад. “Раводиди электронӣ”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон тамдид карда намешавад, ба истиснои ҳолатҳои форс-мажорӣ.

Copyright © 2019 Embassy.