Муаррифии имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Санаи 12.10.2016 бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон дар якҷоягӣ бо ширкати CHL Limited ва намояндагии ширкати “Тоҷик Эйр” дар Ҳиндустон дар меҳмонхонаи панҷситорадори “Сурая” муаррифии имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони доираҳои васеи соҳаи сайёҳии Ҷумҳурии Ҳиндустон, аз ҷумла ширкатҳои ҷаҳонгардӣ, ВАО, ташвиқкунандагони туризм ширкат карданд.

Дар чорабинӣ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳиндустон бо презентатсия баромад намуда, ба таври муфассал иштироккунандагонро  бо имкониятҳои ҷаҳонгардӣ дар Тоҷикистон шинос намуда, ба суолҳои онҳо посух дод.

 

 

img_1415-res01img_1399img_1408

Copyright © 2019 Embassy.